Дар як оилаи зодагони Тоҷикистон дар Балашихаи вилояти Маскав ҳодисаи фоҷиабор рух дод. Тифли навзоди оила пас аз ширхӯрӣ нафасгардон ва ҳалок шуда, падараш аз ин талафот даст ба худкушӣ задааст. Дар ин бора ВАО-и Русия хабар медиҳанд.

Гуфта мешавад, ин ҳодиса тахминан соатҳои 1-и шаб рух дода, то омадани табибон кӯдак фавтидааст. Пас аз рафтани табибон падари хонавода худро аз ошёнаи 10-уми манзил ба замин партофтааст.

Нашрияи "Московский комсомолец" бо такя ба гуфтаҳои наздикони оила менависад, писарча 18-уми август ба дунё омадааст. Падари ӯ муддати 12 сол дар вилояти Маскав зиндагӣ дошта, шаҳрвандии Русияро доштааст.

Барои оилаи онҳо – ҳам зану ҳам мард ин никоҳи аввал ва тифли нахустин будааст. Илҳом муддати тӯлонӣ дар бозори «Владимирский тракт» ба ҳайси фурӯшанда кор карда, манзил мехарад ва онро бо дастони худ таъмир карда, сипас моҳи октябри соли 2018 бо дӯстдоштааш Зумрад хонадор мешавад.

Нашрия қайд мекунад, ки зан ва модари ҷавон ният дорад, ки ҷасади шавҳар ва писарчаашро ба Тоҷикистон барад. Чиптаҳо то Душанбе харида шудааст. Сипас лозим меояд, ки то Бадахшон бо мошин бираванд. Ҷасадҳо дар оромгоҳи зодгоҳашон ба хок супурда мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.