Мард аз бинои суди ноҳияи Маскав гурехтааст, ки он ҷо ӯро барои риоя накардани қоидаҳои ҳузур дар Русия ба мурофиа оварда буданд.

Шаҳрванди Тоҷикистон Маҳмуд Ғанизодаи 21-сола бо автомашинаи хизматӣ ҳамроҳи нозир ба бинои суд оварда мешавад.

Ба Маҳмуд Ғанизода 5000 рубл ҷарима ва ихроҷ аз қаламрави кишвар таъин мегардад. Аммо ӯ аз иҷрои ҷазо саркашӣ карданӣ шуда, фирор кардааст. Дар ин бора Piter.TV хабар медиҳад.

Макони будубоши фирорӣ маълум нест. Нозирон барои ҷустуҷӯ чораҳо андешида, сабтҳо аз камераҳои мушоҳидаи видеоӣ, ки ба муайян кардани ҷузъиёти ҳодисаи гурехтан кумак мекунанд, аз назар гузаронида мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.