Як сокини ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳамчун гумонбар дар куштори ҷияни 6-сола ва ҳамсари бародараш боздошт шудааст.

Бино ба иттилои ВКД, рӯзи 7-уми ноябр ин марди 27-сола дар ҳавлии истиқоматиашон бинобар сабабҳои номаълум бо корди хоҷагӣ ҷияни хурдсолаш – духтарчаи 6-соларо ба ҳалокат расонидааст. Сипас ба аъзои бадани ҳамсари бародараш – зани 27-сола бо мақсади аз ҳаёт маҳрум сохтан 11 маротиба корд задааст.

Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 2 (Одамкушӣ)-и КҶ ҶТ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.