Дар роҳи автомобилгарди Самара Чимкенти вилояти Актюбински Қазоқистон мусофирбари хориҷиён вайрон шуд. Дар ин бора Tengrinews.kz бо истинод ба хадамоти матбуоти пулиси роҳи вилоят хабар медиҳад.

Тибқи маълумоти мақомоти пулис, барои соз кардани автобус корҳои кафшергарӣ лозим шудааст. Дар мусофирбар 54 нафар қарор доштаанд (50 шаҳрванди Ӯзбекистон ва 4 шаҳрванди Тоҷикистон).

Автобус аз шаҳри Перми Русия ба Ӯзбекистон мерафтааст. Он вайрон шудаву чанд соат дар роҳ истодааст ва сардии ҳаво ба одамони дохили он таъсир кардааст.

Кормандони пулис ҳамаи мусофиронро ба наздиктарин нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ бурдаанд, ки дар он қаҳвахонаи гарм кор мекард.

Ба ҳамаи мусофирон чойи гарм додаанд. Сипас кормандони пулис дастгоҳи кафшергарӣ ёфта, нуқси автобусро бартараф кардаанд. Баъд аз тай кардани садҳо километр дар ноҳияи Иргиз мусофирбар боз вайрон мешавад. Кормандони пулис дар ҳамдастӣ бо намояндагони хадамоти ҳолатҳои фавқулода автобусро бо мусофирон ба кемпинг (урдугоҳ) оварда, ба таъмираш кумак ва то сарҳади вилояти Қизилорда гусел карданд.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи ноябр низ кормандони пулиси Қазоқистон тоҷикистониёнро аз мусофирбари азкормонда дар роҳи вилояти Павлодар ба дигар ҷой бурда, 43 нафар шаҳрвандони Тоҷикистонро аз сармо наҷот доданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.