Бар асари садамаҳои нақлиёт, ки 13-уми январ дар натиҷаи бархӯрди 4 автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” рух доданд, 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Тавре маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, ронандаи автомашинаи “Опел-Астра”, сокини 31-солаи ноҳияи Муъминобод дар қаламрави шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи воситаи анқлиёт набаромада, ба дигар автомашинаи “Опел-Астра” бармехӯрад. Дар натиҷа ронандаи мошини дуюм ва ду мусофири автомашинаи ронандаи гунаҳкор – сокини 31-солаи ноҳияи Рӯдакӣ ва сокини 14-солаи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ҷойи ҳодиса ҳалок шудаанд.

Гуфта мешавад, боз як мусофири автомашина, сокини 58-солаи ноҳияи Ҳамадонӣ бо ҷароҳатҳо ба бемористон бурда шудааст.

Ба иттилои манбаъ, дар дигар садамаи нақлиёт, ки дар қаламрави ноҳияи Фархор бар асари бархӯрди ду автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” рух додааст, сокини 57-солаи маҳаллӣ фавтида, 4 нафари дигар ҷароҳатҳои ҷисмонӣ бардоштаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.