Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати ҶТ дар кӯчаи Бухорои пойтахт ҷасади зани 66-соларо аз манзили истиқоматияш дарёфт карда, барои таҳқиқи маргаш ба мақомоти дахлдор супориданд.

Бино ба иттилои КҲФ, сокинони кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе субҳи 15-уми январ бо занги телефонӣ ба Қисми навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар доданд, ки ҳамсояи онҳо чанд рӯз инҷониб аз хона берун намеояд. Онҳо аз он изҳори нигаронӣ доштанд, ки эҳтимол бонуи танҳо ба мусибате гирифтор шудаву имкони боз кардани дарашро надорад.

Дастаи зудамали наҷоти раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе иборат аз 5 нафар фавран ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуд.

Онҳо якҷо бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳал ва ниҳодҳои дахлдор вориди манзили шаҳрванд гардиданд. Пиразани танҳои 66-сола дар кулбаи худ беҷон мехобид. Марги ӯ кай фаро расида ва иллати маргаш чӣ будааст, ҳоло ташхис мешавад.

Маврид ба ёдоварист, ки соли 2019 кормандони наҷоти Кумита 235 нафар шаҳрвандонро дар ҳолатҳои гуногун аз хатар наҷот доданд: аз ҷумла, 17 нафар аз тарма, 28 кас дар садамаҳои нақлиётӣ, 7 нафар аз сӯхтор, 71 нафар ҳангоми кушодани дарҳои оҳанӣ, 54 кас дар обҳои кишвар, 33 нафар дар лифтҳои азкормонда.

Ҳангоми роҳандозии корҳои бартарафсозии оқибатҳои тарма дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ва Душанбе-Хоруғ 280 нафар мусофирон ва ронандагони воситаҳои нақлиёт ба ҷойи бехавф интиқол дода шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.