Дар роҳи мошингарди Карабутак–Костанайи вилояти Актюбински Қазоқистон як садамаи фоҷиабори нақлиёт рух дод. Дар ин бора Polisia.kz хабар медиҳад.

Ҳодисаи мазкур нимаи рӯзи 25-уми феврал дар роҳи қаламрави шаҳраки Улка ба амал омада, ҳамаи фавтидагон шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд.

Тибқи маълумоти пешакӣ, минивэни тамғаи “Honda”, ки дар дохилаш точикистониён буданд, ба самти муқобили ҳаракат баромада, ба мошини боркаш (фура) бархӯрдааст, ки ин мошинро сокини 52-солаи вилояти Алмаато идора мекард.

1/2

Гуфта мешавад, бар асари садамаи нақлиёт ронанда ва 3 мусофири мошини “Honda” дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиданд.

Идораи пулиси Қазоқистон бори дигар ронандагонро аз зарурати риояи қоидаҳои ҳаракат ва талаботи аломатҳои роҳ, инчунин ба назар гирифтани шароити обуҳаво огоҳ кардааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.