То рӯзи 26 март 32 таҳхона ва заминҳои наздиҳавлигӣ, ҳамчунин 200 метр шабакаҳои обгузари деҳаҳои Ҳалқаҷар ва Пахтакори ноҳия Хуросони вилояти Хатлон аз об ва лойқа тоза карда шуданд.

Тавре ба “Азия-Плюс” котиби матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ хабар дод, ҳамчунин аз ҷониби кормандони шуъбаҳои Маркази нозироти давлатии санитарӣ-эпидемиологии ноҳияҳо ва вилоят 246 хона ва бинои мактаб тамизкорӣ (дезинфеския) ва 410 метр шабакаи заҳбур тоза карда шудааст.

Рӯзи 25-уми март муовини сарвазири кишвар Давлатшо Гулмаҳмадзода аз ноҳияи осебдида боздид карда, машварати ситоди фаврӣ оид ба рафъи оқибатҳои офати табииро баргузор кард ва дар ҷараёни он дар мавриди барқарор кардани қитъаҳои осебдида супориш дод.

1/5

Ба Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дастур дода шуд, ки баҳри такрор нашудани ҳодисаҳо ва рафъи ҳарчи зудтари оқибатҳои он тадбирҳои зарурӣ андешад.

Ба гуфтаи Умеда Юсуфӣ, корҳои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ дар ноҳияи Восеъ, ки дар он ҷо низ селу лойқа фаромад, дар арафаи анҷомебист. Рӯзи 26-уми март кормандони Кумита таҳхонаи се манзилро дар ин ҷо тоза кардаанд.

Қобили зикр аст, ки бар асари боришоти зиёди рӯзи 21-уми март дар деҳаҳои Ҳалқаҷар ва Пахтакори ноҳияи Хуросон сел омада, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинони маҳаллӣ аз обу лойқа пур шуд. ҳамзамон обу лойқа ба заминҳои корам зарар расонид. Зиёда аз 700 нафар ба ҷойҳои бехавф кӯчонида шуданд.

Айни замон корҳои барқароркунӣ ва рафъи оқибатҳои офати табиӣ идома доранд. Сокинон ба манзилҳои худ бармегарданд. Дар ноҳияҳои Хуросон ва Балҷувон комиссияи ҳолатҳои фавқулода ба муайян кардани ҳаҷми осеб машғул аст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.