Субҳи барвақти рӯзи 6 июн соҳиби нонвойхонае назди Раёсати молияи Кӯлоб худро аввал корд зада, баъдан ба сараш сӯзишворӣ мерезад ва оташ мезанад.

Ба гуфти табибон, Зариф Абдуллоевро соат 6:30 дақиқаи саҳар бо захми корд дар шикам ва осори сӯхтаи пӯсташ ба беморхона овардаанд.

Муовини сартабиби беморхонаи вилояти дар шаҳри Кӯлоб Саиданвар Исмоилов дар як тамоси телефонӣ гуфт, вазъи Зариф Абдуллоев вазнин арзёбӣ мешавад.

"Зариф Абдуллоевро саҳарӣ соати 6:30 дақиқа оварданд. Азбаски аз шикамаш захми корд хӯрда буд, хунравии дарунӣ дошт. Ҳамзамон пӯсти ӯ 95 фоиз сӯхтааст. Мо ӯро ҷарроҳӣ ва хунравиро манъ кардем. Ҳоло дар шуъбаи эҳёгарӣ таҳти дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ қарор дорад", - мегӯяд муовини сартабиб.

Бахтиёр Назарзода, сардори Сарраёсати молияи вилояти Хатлон низ ин хабарро тасдиқ кард.

"Субҳ ба ман аз ҳодисаи рухдода хабар доданд. Айни ҳол ман дар роҳ сӯи Кӯлоб рафта истодаам. Ҳоло намедонам бо чӣ мақсад ин нафар худро назди Раёсати молия оташ задааст. Танҳо ҳаминашро медонам, ки Зариф Абдуллоев коргоҳи нонпазӣ дорад", - гуфт Бахтиёр Назарзода.

Дар РВКД дар вилояти Хатлон гуфтанд, ки аз ҳодиса хабар доранд ва сабабҳои суиқасд ба ҷони худро аз тарафи Зариф Абдуллоев месанҷанд. “Ҳоло барвақт аст шарҳ додани сабабҳои ҳодиса”, - гуфтанд дар РВКД.

Як манбаи Радиои Озодӣ дар бораи сабабҳои ба ин амал даст задани Зариф Абдуллоев гуфтааст, ду моҳ пеш ӯ муфлис мешавад ва Раёсати молия пуле, ки ӯ барои расонидани ғизо ба муассисаҳои томактабӣ сарф карда буд, барнамегардонад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.