Сокини ноҳияи Рашт, зани 36-солаи модари 3 фарзанд ба худкушӣ даст зада, худро ба дарёи Сурхоб партофт. Ҷасади ӯ рӯзи 29 июл дарёфт ва ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супорида шуд.

Тавре маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад, дар обанбори НБО Норак навраси 13-сола, сокини маҳаллӣ ғарқ шудааст.

Гуфта мешавад, аз соҳили дарёи Душанбе, наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷасади як зани тахминан 30-сола дарёфт шудааст.

Дар ноҳияи Шаҳринав ҳангоми оббозӣ марди 32-сола ғарқ шудааст. Наздиконаш гуфтаанд, ки марҳум гирифтори бемории рӯҳӣ буд.

Ба ин тариқ, аз оғози мавсими оббозӣ, ки дар Тоҷикистон аз 15 июн шурӯъ шуд, 48 нафар шаҳрвандони кишвар ғарқ шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.