Ҳавопаймои ширкати S7, ки аз Новосибирск ба Якутск раҳсипор буд, бо сабаби марги як мусофирзан таъҷилан ба фурудгоҳи Братск нишаст, иттилоъ медиҳад хабаргузории IrkutskMedia.

Дар ин бора рӯзи 6 сентябр дар саҳифаи худ дар Instagram вакил (сенатор) аз вилояти Оренбург Елена Афанасева, ки дар ҳамин ҳавопаймо ҳузур дошт, хабар додааст.

“Ҳангоми парвоз вазъи солимии яке аз мусофирзанон, шаҳрванди Тоҷикистон бад шуда, ҳайати сарнишинон тасмим гирифтанд, ки таъҷилан ҳавопайморо мешинонанд. Мутаассифона, то ба замин фуруд омадани ҳавопаймо, зан фавтид. Табибони назди ҳавопаймо ҳозиршуда марги ӯро тасдиқ карданд”, - хабар медиҳад babr24.com.

Гуфта мешавад, айни замон ҷасади занро шавҳараш гирифтааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.