Паланги барфиеро, ки шаби гузашта чорвои сокини ВМКБ-ро нобуд кард, дастгир карданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз КҲФ Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, тақрибан соатҳои 01:30 дақиқаи шаби 3 март паланги барфӣ ба чорвои хонагӣ дар оғили сокини Амбави ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштақалъа ҳамла карда, 6 сар чорвои хурдро нобуд кард.

“Баъди ҳамла ба сокинони маҳаллӣ дар ҳамдастӣ бо кормандони шуъбаи КҲФ дар ноҳияи Роштқалъа, ШВКД-и ноҳия ва Раёсати кумитаи ҳифзи муҳити зисти вилоятмуяссар шуд, ки даррандаро ба даромадан даруни қафас моил кунанд. Паланги барфиро ба мавзеи дурдаст бурда, раҳо карданд”, - гуфт манбаъ.

Ёдрас мекунем, ки 23 феврал, тахминан соатҳои 07:30 дақиқаи субҳ паланги барфӣ ба чорвои хонагӣ дар оғили сокини ҷамоати деҳоти Барвози ноҳияи Роштқалъа дарафтода, 20 сар чорвои хурди соҳибхонаро нобуд ва 1 сар чорвои калони шохдорро захмӣ кард.

Паланги барфӣ (номи илмиаш Panthera uncia) як гуна аз ҷумлаи ҳайвонҳои гурбамонанд аст, ки дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ ва ҷануби Осиё зиндагонӣ мекунад. Дар кулли кишварҳое, ки ин паланг ҳаёт ба сар мебаранд, чун ҳайвони дар ҳоли нобудиву инқироз ба Китоби Сурх шомил карда шудааст, аз ҷумла дар Тоҷикистон низ.

Макони зисти паланги барфӣ дар Тоҷикистон 86 ҳазор километри мураббаъро ташкил мдода, 70%-и он дар ВМКБ қарор дорад. Ин паланг дар баландии аз 2,5 то 5 ҳазор ё зиёда аз он баланд аз сатҳи баҳр зиндагонӣ мекунад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.