Дар соҳили дарёи Душанбе рӯзи 31 май ҷасади як марди 45-50 сола дарёфт шуд, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, аз намудор шудани ҷасаде дар соҳили рӯди Душанбе, дар шафати боғи фарҳанг ва истироҳати ба номи Умари Хайём (наздикии бинои Донишгоҳи миллӣ) ба шуъбаи навбатдории Кумита навбатдори шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт хабар додааст.

“Бо дарёфти хабар Дастаи зудамали Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса равон шуд, - омадааст дар хабар. - Онҳо ҷасадро аз дарё берун оварда, ба ихтиёри мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд”.

Зимнан зикр мегардад, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои муайян кардани шахсияти фавтида ва сабабҳои маргаш тафтишот оғоз карданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.