Шумори ҳалокшудагон аз дуди ангишт дар ноҳияи Хуросон ба се нафар расид. Зане, ки дар бемористон бистарӣ шуда буд, низ ҳалок шуд.
Ёдрас мекунем, ки ҳамаи фавтидагон аъзои як оила аз деҳаи Гулрез мебошанд. Ҳодисаи фоҷеабор рӯзи 18 январ дар оилаи Шамсулло Маҳмадов рух дод.
Бар асари дар оташдони хона сӯзонидани ангишт барои гармӣ сарвари хонадон Шамсулло ва писари 5-солаи ӯ ҳалок шуданд. Ҳамсар ва як фарзанди дигари ин хонавода дар бемористон бистарӣ шуда, вазъияташон вазнин арзёбӣ мешуд.
Тавре ки Радиои Озодӣ хабар медиҳад, ҳамсари Шамсулло Маҳмадов низ дар бемористон ҳалок шудааст.
Ба иттилои манбаъҳои Радио, табибон дар талоши онанд, ки ҳаёти кӯдаки дуюмро наҷот диҳанд. Вазъи ӯ ҳоло ҳам вазнин аст.
Ҳамасола бо фарорасии мавсими сармо сокинони деҳоти Тоҷикистон хонаҳои худро бо ангишт гарм мекунанд. Риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми истифода аз ин сӯзишворӣ бисёр вақт бо фоҷеа меанҷомад.
Дар ҳолати заҳролуд шудан аз дуди ангишт дар аввал сарчашмаи дудбароиро хомӯш кардан лозим аст. Сипас тирезаҳоро кушода, мошини ёрии таъҷилиро даъват кардан зарур мебошад.