Кормандони милитсия, ки аз журналистони Қазоқистон пул тамаъ кардаву сипас «қаҳрамонон»-и гузориши онҳо дар саҳифаи Фейсбук шуданд, аз кор озод карда шуда, ба роҳбари ин воҳиди мақомот, ки дар он кормандони милиса кор мекарданд, танбеҳ эълон шудааст.

«Раҳбарияти ВКД ҳамчунин дастур дод, ки фаъолияти тамоми кормандони милитсия, ки дар назди ёдгориҳои таърихӣ, муҷассамаҳо ва дигар макони таърихиву фарҳангӣ ва ҷойҳои сайёхӣ хизматро ба ҷо меоранд, санҷида шавад», - хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ВКД Умарҷони Эмомалӣ.

Охири ҳафтаи гузашта гузориши журналисти қазоқ Бақитҷон Буқарбой дар шабакаи Фейсбук пас аз сафар ба Душанбе сарусадои зиёде ба бор овард. Ин рӯзноманигори хориҷӣ бори дигар симои номақбули пойтахти моро ба қалам додааст ва он ҳам дар куҷо? Дар маркази пойтахт - назди муҷассамаи Исмоили Сомонӣ.


Дар гузориш рӯзноманигор менависад, ки дар ҳеҷ куҷое онҳо бо чунин рафтори кормандони милитсия дучор нашудаанд. Кормандони мақомот бе ҳеҷ ибое ҳатто ба онҳо иҷозат додаанд, ки аксҳояшонро бигиранд.