Дар Маскав оид ба баррасии парвандаи муноқишаи дастаҷамъона дар оромгоҳи Хованское моҳи майи соли гузашта мурофиаи додгоҳӣ оғоз гардид.

Бино ба иттилои шабакаи телевизионии «5 канал», дар курсии айбдорӣ 5 нафар тоҷикистониёни муҳоҷир қарор доранд, ки ба авбошӣ ва зиён расонидан ба автомобилҳо гумонбар дониста мешаванд. Зиёни ба автомобилҳо расида 660 ҳазор рубл арзёбӣ мешавад.

Ба ҷуз муҳоҷирон, аз рӯйи ин парванда ба 16 нафар айбнома пешниҳод гардидааст, ки миёни онҳо метавон бахусус сардори шуъбаи хизматгузории дафни №3-и Муассисаи давлатии буҷетии «Ритуал»-и Маскав Юрий Чабуев, собиқ корманди пулис Никита Мошенко ва ҳамраиси ташкилоти «Зодоровая нация» Александр Бочарниковро зикр кард. Онҳо ба ташкил ва иштирок дар бетартибиҳои оммавӣ айбдор карда мешаванд.

Тибқи маълумоти «Вести», аз шумори умумии 200-300 нафари иштирокчиёни занозанӣ дар оромгоҳ алҳол танҳо 5 нафар муҳоҷирон дар курсии айбдорӣ қарор доранд, ки он рӯз ба нигоҳубини қабрҳо машғул буданд.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 14 майи соли 2016 бо иштироки беш аз 200 нафар дар оромгоҳи Хованскоеи шаҳри Маскав ҷанҷолу занозании оммавӣ бо тирпарронӣ сурат гирифта, бар асари он се нафар ҳалок ва беш аз 20 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Ба эҳтимоли мақомоти тафтишот, ҷанҷолу занозанӣ бо ҳадафи аз қаламрави оромгоҳи Хованское берун кардани муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон сурат гирифтааст.