Дар ҷараёни чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурӣ наздики 14 кило маводи нашъаовари навъи ҳашиши афғониро мусодира карданд.

Ба гумони дст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъаовар кормандони Кумита як гурӯҳи иборат аз 12 нафарро боздошт намуданд.

Миёни боздоштшудагон 5 нафар сокинони шаҳри Душанбе - Тоҷиддин Хабирови 33-сола, Диловар Шерови 29-сола, Насимҷон Раҷабови 33-сола, Фирдавс Зеваршоеви 39-сола ва Ҳалим Аҳмадбекови 53-сола ҳузур доранд.

«Ҳудуди 24 кило ҳашиш дар хонаи яке аз сокинони пойтахт дарёфт ва мусодира шуд. Маводи нашъаовар барои фурӯш дар Душанбе аз шаҳри Хоруғ оварда шудааст», - хабар медиҳад маркази матбуоти КДАМ.

Нисбати ҳамаи боздоштшудагон мутобиқи моддаи 200, қ. 3 Кодекси ҷиноии Тоҷикистон (Муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ё моддаҳои психотропӣ бо  мақсади ба соҳибияти каси дигар додан аз ҷониби гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ба миқдори калон) парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.