Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як шаҳрванди Чинро ба гумони истеҳсоли ғайриқонунии машруботи спиртӣ боздошт намуданд.

«Гумонбаршуда бидуни ҳуқуқи машғул шудан ба соҳибкорӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар хонаи иҷорааш, воқеъ дар кӯчаи Телмани пойтахт дар муҳити хона бе риояи талаботҳои санитарию гигиенӣ ва бо истифода аз тамғаи моли ширкати бегона машруботи спиртиро дар зарфҳои махсус ҷойгир намуда, ба фурӯш баровардааст», - хабар медиҳад дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе.

Гуфта мешавад, Зимни азназаргузаронии манзили истиқоматии мазкур кормандони милитсия аз шаҳрванди Чин зиёда аз 800 литр машруботи спиртии худсохторо мусодира намудаанд.

Зимнан зикр мегардад, ки мувофиқи хулосаи Агентии стандартизатсия ва сертификатсияи нозироти савдо машруботи спиртии мусодирашуда аз рӯи нишондодҳои органолептикӣ (намуди зоҳирӣ, ранг, бӯй ва мазза) ба талаботи меъёрии спирти этилӣ мутобиқ набуда, ба истеъмол тавсия дода намешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.