Кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони ВКД бо мақсади пешгирии оворагардии наврасону ҷавонон ва даст назадани онҳо ба амалу кирдорҳои номатлуб рейдҳо доир мекунанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони ин хадамот дар дар бозори кӯҳнафурӯшии ноҳияи Фирдавсӣ, ки аксаран телефонҳои истифодашуда ва дигар ашёҳо ба фурӯш бароварда мешавад, санҷиши мақсаднок доир намуданд.

Гуфта мешавад, натиҷаи санҷиш муайян намуд, ки шумораи зиёди ноболиғон, хонандагони Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт дар бозори мазкур ба оворагардӣ ва хариду фурӯши телефонҳои мобилӣ машғул мебошанд.

Кормандони Хадамот 17 нафар ноболиғонро, ки ба чунин кирдор машғул буданд ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи ВКД дастрас намуданд. Волидайни ноболиғони боздоштшуда даъват гардида, аз ҷониби кормандони милитсия бо онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.

Зикр мегардад, ки ҳамчунин нисбати падару модари ноболиғон барои вайрон намудани Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар асоси моддаи 90 ва 464 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои баррасӣ ба Суд ирсол карда шуд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.