Раёсати БДА ВКД Тоҷикистон “рекордсмен”-и вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳро дар соли ҷорӣ эълон кард.

Бино ба маълумоти Раёсати БДА, соли равон ронандаи автомашинаи тамғаи “Форланд” 376 маротиба қоидаҳои ҳаракат дар роҳро риоя накардааст. Автомашинаи мазкур дар тавозуни Муассисаи давлатии хизматрасониҳои коммуналии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор дорад. Барои 376 маротиба қоидавайронкунӣ дар роҳ ронандаи ин автомашина боре ҳам маблағи ҷаримаро пардохт накардааст.

Байни сокинони шаҳри Душанбе аз лиҳози риоя накардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ Неъматулло Мавзудов, сокини ноҳия Шоҳмансур “пешсаф” аст, ки бо автомашинаи шахсии тамғаи “Опел Астра” 178 маротиба ба қонуншиканӣ зимни ҳаракат дар роҳҳо даст зада, ӯ низ ягон маротиба маблағи ҷарима напардохтааст. Ҳамаи қонуншиканиҳо дар камераҳои мушоҳидаи видеоии лоиҳаи “Шаҳри бехатар сабт шудааст.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Шаҳри бехатар» дар пойтахт 31 октябри соли 2014 мавриди амал қарор гирифта, дар доираи он дар тамоми роҳҳои пйтахт 870 адад камераҳои сабти видеоӣ насб шуданд.

Маблағи амалисозии лоиҳа 22 млн. доллар арзёбӣ шуда, аз ин миқдор 20,9 млн. доллар - қарзи дарозмуҳлати Чин ва боқимонда 1,1 млн. доллар ҳиссаи Тоҷикистон аст. Зикр гардида буд, ки муддати 20 сол ин қарз аз ҳисоби ҷаримаҳои пардохтшуда барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ пардохта мешавад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.