Бо қарори суди ноҳияи Исомили Сомонии шаҳри Душанбе овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова, ки ба ҷашни зодрӯз чанде аз ҳамкасбонашро даъат намуда буд, ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Дар ин бора шоми рӯзи 3 феврал дар барномаи “Ахбор”-и шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон гузориш пахш шуд.

Ӯ мутобиқи моддаи 8 қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” айбдор дониста шудааст. Мувофиқи меъёрҳои ин қонун шаҳрвандон зодрӯзро танҳо дар доираи оилаашон бидуни даъвати дӯстону сарояндагон ҷашн гирифта метавонанд. Навори видеои ҷашни зодрӯз дар Instagram-и овозхонро суд ба сифати далел истифода кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.