Сардори Раёсати тафтишоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикитсон Қутбиддин Сафарзода зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки раиси “Агароинвестбонк” аз ҷониби муфаттишони Агентӣ аз рӯи далели додани қарз ба як соҳибкор дар ҳаҷми 22 млн. сомонӣ ба сифати шоҳид бозпурсӣ шудааст.

Бино ба гуфтаи ӯ, айни замон соҳибкори зикршуда қарзро дар ҳаҷми пурра ба бонк баргардонида, дигар нисбати ӯ низ ҳеҷ масъалае боқӣ намондааст.

Бо ин посух Сафарзода изҳороти охири моҳи июни соли гузашта баёнкардаи вакили палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Саидҷаъфар Усмонзодаро дар бораи “рафтори номуносиб нисбати Муродалӣ Алимардон” шарҳ дод.

“Имрӯзҳо ӯро ба ситодҳо бурда, дағалона рафтор мекунанд ва ман мехоҳам, ки президенти Тоҷикистон инро донад», - изҳор дошта буд Исмонов.

Вакил зикр карда буд, ки «кормандони сохторҳои қудратӣ нисбати хизматчиёни бонкҳои дучори мушкилот - «Агроинвестбонк», «Тоҷиксодиротбонк» ва бонкҳои барҳамхӯрда - «Тоҷпромбонк» ва «Фононбнк» чун ба ҷинояткорон рафтор мекунанд».

Вакил бар ин назар аст, ки кормандони сохторҳои қудратӣ саҳми назарраси кормандони бахши бонкиро дар рушди кишвар нодида мегиранд.

«Онҳо намехоҳанд бифаҳманд, ки ба шахсиятҳое чун Муродалӣ Алимардон, ки дар саргаҳи роҳандозии фаъолияти бахши бонкӣ дар Тоҷикиситони соҳибистиқлол қарор доштанд, набояд чун ба ҷинояткор рафтор намуд», - таъкид дошта буд вакил.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.