Мақомоти прокуратураи ноҳияи Дарвоз парвандаи ҷиноятиро нисбати ронандае, ки бо айби ӯ санаи 29 январ дар роҳи мошингарди Хоруғ-Душанбе садамаи нақлиёт рух дода, бар асари он 9 нафар ба ҳалокат расиданд, ҷиҳати тафтиши минбаъда ба шуъбаи тафтишоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар ВМКБ ирсол намуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, садамаи марговар шоми рӯзи 29 январ дар роҳи автомобилгарди Душанбе-Хоруғ, байни деҳаҳои Ҷарф ва Вишхарви ноҳияи Дарвоз рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, сокини деҳаи Курговади ноҳияи Дарвоз Арабшо Куканиеви 23-сола аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, автомашина ба дарёи Панҷ сарозер меравад, ки дар натиҷа ҳамаи мусофирони он – 1 мард, 3 зан ва 5 нафар кӯдакон, ҳама сокинони ноҳияи Дарвоз ба ҳалокат расида, худи ронанда зинда мемонад.

Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳолат ронанда бархилофи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ амал намуда, ба ҷойи 6 каси муқарраршуда 9 нафар мусофир гирифтааст.

Нисбати Куканиев мутобиқи моддаи 212, қисми 3 (Вайрон кардани қоидаҳои ҳаракати роҳ ва истифодаи воситаҳои нақлиёт) парвандаи ҷиноятӣ боз карда шудааст.

Дар сурати исботи гуноҳ мувофиқи ин модда маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз 5 то 10 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян  ё машғул шудан бо фаъолияти муайян ба муҳлати то 5 сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.