Суди ноҳияи Дзержинскии вилояти Калугаи Русия як гурӯҳе аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба ғорати як манзил дар ин вилоят даст задаву дар натиҷа як нафар кушта шуда буд, ба муҳлатҳои зиёди зиндон маҳкум кард, хабар медиҳад Фергана бо истинод ба сомонаи расмии прокуратураи вилояти Калуга.

Чор тан аз аъзои ин гурӯҳ ба муҳлатҳои аз 9 то 12 соли зиндон ва ҷарима дар ҳаҷми аз 100 то 120 ҳазор рубл маҳкум шуданд. Ҳамчунин аз маҳкумшудагон ба фоидаи ҷабрдидаҳо маблағи зиёни моддӣ ва маънавӣ ситонида мешавад.

Ин ҳодиса санаи 10 июли соли 2017 ба вуқӯъ пайвастааст. Гурӯҳи иборат аз 9 нафари мусаллаҳ бо ашёҳои гуногун, аз ҷумла бел, шабона бо автомашинаҳо ба деҳаи Учхози ноҳияи Дзержинск омада, бо ниқоби тиббӣ дар рӯйҳояшон ба ғорати манзили соҳибкори маҳаллӣ даст мезананд.

Онҳо ба моликони манзил таҳдиду ҳамла карда, дар натиҷа падари соҳибхоназан аз зарбаҳои бел ҳалок мешавад ва дигар аъзои ин оила захму ҷароҳат мегиранд. Ғоратгарон 400 ҳазор рублро дуздида, то ҳозир шудани кормандони пулис аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд.

Муфаттишон муайян кардаанд, ки ҳамаи шаҳрвандони ба ғоратгарӣ дастзадаи Тоҷикистон барои пулкоркунӣ ба Русия омадаанд. Яке аз ҳамлагарон пештар корҳои сокинони деҳаи Учхозро ба иҷро расонида, маҳз бо ҳидояти ӯ ба хонаи ин соҳибкор ғоратгарӣ сурат гирифтааст. Ӯ дар Калуга ва чор нафар ҳаммаслаконаш дар Маскав боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, парванда нисбати боз як боздоштшудаи тоҷикистонӣ алоҳида баррасӣ мешавад. Чор нафари дигари ҷиняткорони дар ин амал дастдошта, аз ҷумла саркардаи гурӯҳ мавриди ҷустуҷӯ қарор доранд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.