Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ се нафар сокинони ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки бо истифода аз дармондагии мӯйсафеде ба талабндагӣ машғул буданд.

Онҳо бо муйсафед гапзанону ӯро розӣ кардаанд, ки ба талбандагӣ машғул шавад ва пулҳои ба ин васила бадастовардаро ба сифати хайру эҳсон азхуд мекардаанд, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.

Сокинони ҷамоати Зайналободи деҳаи Кишоварзи ноҳияи Рӯдакӣ Азимҷон Бемирзоеви 27-сола, Зариф Тӯрақулови 24-сола ва Файзиддин Барноеви 29-сола ҳар рӯз ҳамдеҳаи нотавони худро ба Душанбе бурда, ӯро дар аробачаи маъюбӣ мешинонидаанд ва дар роҳҳо ба талбандагиву гадоӣ машғул мешудаанд.

1/5

“Ин се нафар ба ҷуз аз ин дигар шуғли муайяне надошта, бо ҷисму бозӯи тануманд ва солими худ танҳо ба талбандагӣ машғул мешудаанд. Ҳар рӯз бо ин роҳ маблағи муайяне ҷамъоварӣ намуда, байни худ тақсим мекардаанд”, - омадааст дар маълумоти Вазорат.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон чораҷӯӣ шуда, бо қарори суд Бемирзоев ва Тӯрақулов ба 5 рӯз ва Барноев 3 рӯзи ҳабси маъмурӣ маҳкум шудаанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.