Дар Конибодом ба гумони даст доштан дар куштор сокини маҳаллӣ боздошт шуд. Ӯ пештар барои ҳамин амал маҳкум шуда буд.

Тавре аз Раёсати ВКД дар вилояти Суғд хабар доданд, дар ҷараёни баргузории чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони милитсия сокини 56-солаи Конибодомро боздошт кардаанд.

“Боздоштшуда шоми 24 июн ба манзили сокини 54-солаи шаҳр омада,  бо корд ба қисмати дили ӯ зарба зада, сипас аз ҷойи ҳодиса ғайб мезанад. Марди захмишуда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад”, - хабар доданд аз РВКД.

Зимнан зикр шуд, ки боздоштшуда қаблан дар содир намудани ҷиноят мутобиқи моддаи 104 КҶ ҶТ (Одамкушӣ) маҳкум карда шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.