Нуқтаи мубодилаи асъори ғайриқонунӣ аз ҷониби сокинони шаҳри Ҳисор Маҳмадалӣ Мусулмонов ва Суннатулло Мирзоев дар кӯҷаи Аловуддинов дар маркази шаҳр ташкил карда шуда буд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, “соҳибкорон” ҳангоми фурӯшу ивази 3 ҳазор доллари ИМА боздошт шудаанд.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшудагон мутобиқи модлдаи 286 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Додугирифти ғайриқонунӣ бо  асъори хориҷӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар ин модда барои ҳар кадоме аз онҳо то 5 сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки охири соли 2015 Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон “Дар бораи тартиби анҷомдиҳии амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ” дастур қабул намуд, ки мувофиқи он, ҳамаи нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар баста шуда, амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ, аз ҷумла хариду фурӯши он дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ, филиалҳои бонкҳо дар маҳалҳо ва дафтарҳои асосии кории ташкилотҳои қарзӣ анҷом дода мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.