Дар Суди вилояти Маскав мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи духтарчаи 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода баргузор шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо хабар дод, мурофиа муддати 3 соат давом кардааст.

“Судшаванда Александр Сёмин чун дар мурофиаҳои пешин ҳузур надошт, зеро дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ бистарӣ аст. Адвокати мо Дагир Хасавов дар мурофиаи гуашта дархост намуда буд, ки Сёмин дар мурофиаи оянда иштирок кунад. Лекин адвокаташ изҳор намуд, ки ӯ гап зада наметавонад. Ман исрор меварзам, ки ӯ бояд дар мурофиаи ҳузур дошта, тавре ки ба саволҳои адвокати худ ҷавоб медиҳад, дар ин ҷо ҳам ба саволҳо посух диҳад. Яъне гап зада метавонад, лекин онҳо ба мо дурӯғ гуфта, вақтро кашол медиҳанд. Ман намефаҳмам, ки кор чӣ гуна сурат гирифта истодааст”, - иброз дошт Саидов.

Пас аз мурофиа адвокати маъруф Дагир Хасавов дар саҳифааш дар Facebook чунин навишт: “... Ҳузури айбдоркунандаро дар суд таъмин накарданд ва агар ба гуфтаи сардухтури бемористони касалиҳои рӯҳии Смоленск бовар кунем, Сёмин ҳоло ҳам қисман бемор аст (рӯҳан пурра солим нест). Саволе ба миён меояд, ки чаро ӯ ногоҳ рӯҳан бемор шуд, вақте ки аз рӯи қонун ба амалҳои худ ҷавоб гуфтан лозим аст?”.

Ӯ ҳамчунин навиштааст, ки ҳамаи дархостҳои ҳимоягарони Сёмин, аз ҷумла хоҳиши такрории аз мурофиа хориҷ кардани падари Ҳувайдо - Абдусалом Саидов, ҳамчунин баргардонидани парванда ба прокурор ва боздошти истеҳсолоти он то солим шудани айбдоршаванда қонунӣ аз ҷониби суд рад шуд.

Зимнан зикр мегардад, ки мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии ин парванда санаи 19 сентябр баргузор мешавад.

Абдусалом Саидов ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки умедвор аст, адвокатҳои ба кумак омодагӣ изҳорнамуда ба ӯ дар Тоҷикистон то 19 сентябр ҳуҷҷатҳоро дар бораи тасдиқи падариаш ба Ҳувайдо мефиристанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, дар мурофиаи минбаъда узви Раёсати Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон, раиси адвокатҳои шаҳри Душанбе Ҳамза Ҳакимзода иштирок мекунад.

Ҳамза Ҳакимзода имрӯз дар ин робита ба “Азия-Плюс” изҳор намуд, ки бо адвокат Дагир Хасавов дар мавриди ҳамроҳ  ҳимоя намудани оилаи духтарчаи ҳалокшуда созиш ҳосил кардаанд.

“Мо баъзе ҳолатҳоро баррасӣ намуда, айни замон ман ба ҷамъоварии мавод дар бораи тасдиқи падарии Аюдусалом машғулам ва 19 сентябр дар мурофиаи мо якҷо хоҳем буд”, - иброз дошт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бори навбатӣ ба сафорати кишвар дар Русия дастур додааст, ки ин мурофиаро пайгирӣ намуда, ба оилаи духтарчаи ҳалокшуда кумаки зарурӣ расонанд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ.

Дар департамент қайд карданд, ки кормандони сафорати Тоҷикистон дар Русия аз оғози мурофиаи судӣ онро пайгирӣ дошта, дар ҳама гуна ҳолат омодаанд, ки ба падари Ҳувайдо ҳамаҷониба кумак кунанд.

Ёдрас мекунем, ки 24 июли соли гузашта Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба унвони Вазорати корҳои хориҷии Русия нота фиристода, дар он даъват намуд, ки аз ҷониби мақомоти дахлдори ин кишвар ҳодисаи содир шудани ҷинояти бераҳмона нисбат ба кӯдак мӯшикофона тафтиш шавад, зеро барои ин амали даҳшатнок ҷинояткор бояд ҷазои сангин гирад.

Ҳувайдои 5-соларо 22 июли соли 2018 аз ҳавлии назди хонаи истиқоматӣ дар Серпуховои вилояти Маскав дуздиданд. Рӯзи дигар наҷотдиҳандагон сумкаеро бо ҷасади духтарча дарёфтанд. Ташхиси судиву тиббӣ нишон дод, ки аввал ба номуси духтарча дастдарозӣ шуда, сипас ӯро бо зарбаҳои корд куштаанд. Ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 28-солаи маҳаллӣ, ҳамсояи духтарча Александр Сёмин боздошт шуд.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplustj.info тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.