Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ронанда автомашинаи тамғаи «БМВ-м-5» Навоии Ҷаббор, соли таваллудаш 1991-ро барои амалҳои намоишкоронаи зиддиқонунӣ дастгир кардааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти раёсати мазкур, ин ронандаи ҷавон дар кӯчаи Раҳмон Набиев сабукрави худро якбора аз ҷойи ист ба ҳаракат дароварда, бо ин амалаш вазъияти хатарнокро ба вуҷуд овардааст.

Зимни санҷиш муайян шудааст, ки Навоии Ҷаббор шишаҳои сабукрави худро бе иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ сиёҳ кардааст. Нисбат ба ӯ тибқи моддаҳои 330 ва 325 қисми 3-и Кодекси ҳукуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шудааст. Ӯро барои бе иҷозатномаи махсус сиёҳ кардани шишаҳои мошин ба маблағи 6875 сомонӣ ва ба истилоҳ «кокс»-аш 270 сомонӣ ҷарима кардаанд.

Ба гуфтаи кормандони милитсияи пойтахт, вақтҳои охир як зумра ронандагони ҷавон аз ҳисси худнамоӣ воситаҳои нақлиёташонро якбора бо суръати баланд аз ҷойи ист ба ҳаракат дароварда, боиси ҳароси шаҳрвандон, аз ҷумла, кӯдакону пиронсолон ва беморон мешаванд. Онҳо ҳаракатҳои ғайриқонунии худро ба навор гирифтаву дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ, аз қабили Инстаграм, Фейсбук, Вотсап, Телеграмм, Твиттер ва ғайра гузошта, интизори «писандидан»-и корбарони интернет мешаванд. Риояи қоидаҳои ҳаракати роҳ ва одоби идораи нақлиёт ҷузъи уҳдадориҳои шаҳрвандӣ ба ҳисоб рафта, ронандагон барои эмин нигоҳ доштани ҳаёти шаҳрвандон ва пешгирии садамаҳои марговар бояд ҳиссагузор бошанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, ки амалиёти шартӣ бо номи «Кокс» дар ҳудуди пойтахт идома дошта, шаҳрвандон низ метавонанд дар сурати шоҳид гардидани чунин амали барои ҳаёту саломатии аҳолӣ хатаровар онро тавассути телефони мобилӣ навор бардоранд ва ба суроғаҳои зерин фиристанд.

Почтаи электронӣ: [email protected]
Саҳифаи расмии “Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе” дар Facebook
Телефони боварӣ: (+99237) 221-15-00

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.