Марди 33-солаи сокини шаҳри Душанбе ба мақомоти милитсияи пойтахт муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки моҳи сентябри соли равон ҳамсари ӯро зани 37-солаи сокини ноҳияи Балхии вилояти Хатлон фиреб кардааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, зани қаллоб ҳамсари 31-солаи мард итминон додааст, ки бо воситаи дуохонӣ дар маблағ ва ё ҷавоҳироти тиллоӣ ҳама гуна мушкилотро бартараф мекунад. Дар пайи аризаи ӯ зан боздошт мешавад.

Ҳамсараш ҷамъ ба маблағи 105 ҳазор сомонӣ ҷавоҳироти тиллоиашро пешниҳод мекунад, ки онро дуохонӣ карда, ба рӯймол печонида ба бадани ӯ мебандад, то ки хироҷи (кирми) баданашро резонад, - омадааст дар маълумот. - Баъдан номбурда аз дохили рӯймол ҷавоҳиротро гирифта, ба ҷояш пахта пур карда, ба бадани ҳамсараш мебандад ва мегӯяд, дар муддати ду соат рӯймолро аз баданаш накушояд, ки ӯ пас аз ду соат омада боз дуохонӣ мекунад”.

Гуфта мешавад, пасон номбурда бо роҳи пинҳонӣ ҷавоҳироти тиллоиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда 105 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

“Ҳамчунин номбурда рӯзи 12-уми ноябри соли 2019 бо ҳамин роҳ ба боварии зани 53-солаи сокини ноҳияи Сино даромада, аз ӯ 58 ҳазору 800 сомонӣ гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”, - иттилоъ медиҳад ВКД.

Нисбат ба зани боздоштшуда, ки қаблан барои қаллобӣ маҳкум шуда буд, парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.