Дар додгоҳи вилояти Маскав мурофиаи навбатӣ оид ба баррасии парвандаи қатли духтари 5-солаи тоҷик Ҳувайдо Тиллозода доир гардид.

Ҷаласа рӯзи 5-уми декабр баргузор шуда, суд қарор кард, ки амалҳои Александр Сёмин боиси марги Ҳувайдо шудаанд.

Тавре ба “Азия-Плюс” адвокати падари духтар Шавкат Умаров хабар дод, дар ин марҳила суд дурустии қарори қаблан қабулшударо тасдиқ кард.

Ба гуфтаи Умаров, пас аз шунидани ҳар ду тараф суд ба ин қарор омад.

“Барои мо хуб аст, ки мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ мисли мо буд. Ҳозир мо аз ҳолати беморӣ баромадани Сёмин ва иштироки ӯ дар мурофиаҳоро мунтазирем”, - иброз дошт Умаров.

Ба қавли номбурда, ҷониби ҳимояи Сёмин бо қарори суди вилояти Маскав розӣ нест.

“Ҷониби ҳимояи Сёмин хеле моҷароҷӯёна ва баъзан ҳатто бешармона рафтор мекунад, аммо аксари далелҳояшон асоснок набуда, суд онҳоро рад кард”, - қайд кард адвокат.

Тавре ба “Азия-Плюс” Абдусалом Саидов, падари Ҳувайдо хабар дод, мисли пешина дар ин мурофиа низ Александр Сёмин ҳузур надошт, зеро дар беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ бистарист.

“Мо бори навбатӣ дархост кардем, ки ҳузури Сёмин дар мурофиаи оянда таъмин шавад. Адвокати ӯ изҳор дошт, ки Сёмин гап зада наметавонад, лекин ман исрор меварзам, ки ӯ дар суд иштирок карда, ба суолҳо посух гӯяд. Бо адвокаташ гуфтугӯ карда метавонад-ку”, - гуфт Саидов.

Судшаванда Александр Сёмин
Сурат: oka.fm

Рӯзи 30-юми сентябри 2019 додгоҳ дар бораи ба муолиҷаи маҷбурӣ фиристодани Сёмин қарори пешакӣ қабул карда буд.

Ба қавли Шавкат Усмонов, рӯзи мурофиаи навбатӣ алҳол маълум нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 45 45 фиристед.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.