Дар шаҳри Душанбе нисбат ба зане, ки аз тирезаи хонааш дар маркази Душанбе партовро ба берун мепартофт, парвандаи маъмурӣ оғоз шуд.

Тавре дар сомонаи Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе хабар дода мешавад, ин амали зан ба туфайли навори видео, ки аз ҷониби сокинони хонаи 2/4 дар кӯчаи Шамсии пойтахт дар Фейсбук гузошта шудааст, ошкор гардидааст.

«Дар навор дида мешавад, ки зани сокини шаҳр Н.С. аз тирезаи хонае дар ошёнаи 10-ум шишаҳои пластикиро ба майдони бозиҳои кӯдакона мепартояд. Санҷиши кормандони милитсия маълум кард, ки ин зан қаблан низ партовҳоро аз тиреза ба берун мепартофтааст, то ки кораш осонтар шавад”, - қайд мешавад дар хабари Раёсат.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зикр мекунад, ки чунин рафтор ба меъёрҳои санитариву гигиенӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ созгор нест.

Гуфта мешавад, аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 112 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ (Вайрон кардани қоида ва меъёрҳои санитарӣ-гиггенӣ ва санитарӣ-эпидемиологӣ) парванда оғоз гардида, мувофиқи он дар ҳаҷми аз 20 то 25 (1160 то 1450 сомонӣ) нишондиҳандаи ҳисоб (як нишондиҳанда ба 58 сомонӣ баробар аст) ҷарима пешбинӣ шудааст. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.