Сокини 26-солаи Душанбе ба вайрон кардани меъёрҳои моддаи 8-и қонун «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар ҶТ», ки мувофиқи он баргузории ҷашни зодрӯз танҳо дар доираи оила пешбинӣ шудааст, гунаҳкор дониста мешавад.

Бино ба иттилои маркази матбуоти Раёсати ВКД Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Нурулло Қаҳҳоров рӯзи 15 июл зодрӯзашро дар майдончаи варзишии воқеъ бо суроғаи кӯчаи Айни 72/2 ҷашн гирифтааст.

Гуфта мешавад, соҳибҷашн дар майдони варзишӣ кӯдакони зиёдеро ҷамъ оварда, зиёфату рақсу сурур ташкил кардааст.

Сурат: РВКД дар шаҳри Душанбе

Кормандони милитсия нисбат ба ин амали Н.Қаҳҳоров санад тартиб додаанд. Ба ӯ ҷазои ҷарима ба маблағи 5 ҳазору 800 сомонӣ таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.