Моҳи сентябри соли равон шумори ҳодисаҳои дуздӣ дар хонаҳо дар Тоҷикистон нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 зиёда аз 2 баробар афзуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, моҳи сентябр мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 118 ҳодисаи дуздӣ дар хонаҳоро ба қайд гирифтаанд, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 61 ҳодиса ва моҳи августи соли ҷорӣ 26 ҳодиса зиёдтар мебошад.

Ҳамчунин моҳи сентябри соли ҷорӣ афзоиши босуръати ҷиноятҳое ба мисли ғоратгарӣ (2,3 баробар), одамрабоӣ (2 баробар), порагирӣ (62,5%) сабт шудааст.

Ба сурати умум дар моҳи гузашта шумори қариб ҳамаи намудҳои ҷинояткорӣ афзудааст, ба ҷуз таҷовуз ба номус ва суиқасд ба он: аз 4 ҳолат дар моҳи сентябри соли 2019 то ба 3 ҳолат дар моҳи сентябри соли 2020.

Моҳи сентябри соли равон да ҷумҳурӣ ҳамагӣ зиёда аз 2,1 ҳазор ҳодисаҳои ҷинояткорӣ сабт шудааст, ки нисбат ба ҳамин моҳи соли 2019 ба андозаи 13,5% (252 ҳолат) зиёдтар мебошад.

Дар ҳамин ҳол, давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон дар кишвар ҳудуди 17,9 ҳазор ҳодисаҳои ҷинояткорӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 670 ҳолат зиёдар аст.

Афзоиши сабти ҳодисаҳои ҷинояткорӣ дар зарфи 9 моҳи соли равон дар вилояти Хатлон 18,6% ва шаҳри Душанбе - 0,9%-ро ташкил медиҳад. Дар ин давра дар ВМКБ 13,8%, вилояти Суғд - 8,3% ва ноҳияҳои тобеи марказ - 4% камтар содир намудани ҷиноятҳо сабт шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.