Боздоштшуда сокини 36-солаи деҳаи Чилчинори шаҳри Ҳисор Бахтиёр Кенҷаев мебошад, ки қаблан барои роҳзанӣ ва қаллобӣ се маротиба суд шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, 19 декабр як ҷавонзани 30 солаи сокини пойтахт бо пахши навор дар як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ иттилоъ дод, ки ҳангоми убур намудани гузаргоҳи зеризаминии роҳи сеқабата (эстакада)-и маҳаллаи Қарияи Боло як нафар марди ношиноси тахминан 35-40 сола ба ӯ ҳамла намуда, мехост нисбаташ ҳаракату кирдорҳои ғайриқонунӣ анҷом диҳад.

Гуфта мешавад, баъди садо баланд намудани ҷавонзан марди ҳамлагар аз ҷои ҳодиса фирор намудааст.

“Баъди сар задани ҳодиса ҷавонзани 30-сола ба мақомоти милитсия ҳозир гардида, бо навиштани ариза аз мақомоти корҳои дохилии пойтахт талаб намуд, ки нисбати амалҳои ғайриоқнунии марди ношинос, ки мехост ба у ҳамла намояд, чораҳои қонунӣ андешида шавад”, - омадааст дар маълумоти Раёсат.

Кормандони милитсияи пойтахт  рӯзи 20 декабр ба гумони даст доштан дар содир намудани ин ҷиноят сокини 36-солаи деҳаи Чилчинори шаҳри Ҳисор Бахтиёр Кенҷаевро боздошт карданд, ки қаблан барои роҳзанӣ ва қаллобӣ се маротиба маҳкум шудааст.

“Ҳангоми амалинамоии чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки 13 декабр ӯ бо усули барояш маъмулӣ дар маҳаллаи 82-и пойтахт аз дасти ҷавондухтари ноболиғ як адад телефони мобилии тамғаи «РЕДМИ», арзишаш 1500 сомониро ба таври ошкоро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст”, - иттилоъ медиҳад милитсияи пойтахт.

Зикр мегардад, ки нисбат ба боздоштшуда мутобиқи моддаҳои 32 қисми 3 ва 248 қисми 2 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Суиқасд ба ғоратгарӣ ва ғоратгарӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, дар сурати исботи гуноҳаш ба ӯ 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.