Заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хисрави ноҳияи Қубодиён Абдураҳим Сатторов шурӯъ аз моҳи майи соли 2015 ба арзушикоят ва дархостҳои чандинкаратаи 7 сокини маҳаллӣ ва сардори Раёсати кишоварзии ноҳия таваҷҷуҳ зоҳир нампкард.

Аз рӯйи далели мазкур дар прокуратураи маҳаллӣ нисбати ин мансабдор бо моддаи 163 Кодекси ҷиноятии ҶТ (Баррасӣ накардани муроҷиатҳои шаҳрвандон) парвандаи ҷиноятӣ боз шуд, хабар медиҳад маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, бо қарори суди ноҳия Сатторов ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (5 ҳазору 800 сомон) ба фоидаи давлат ҷарима шуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.