Кормандони милитсия ба гумони даст доштан дар дуздии молу мулки аҳолии ноҳияи Вахш сокини 39-солаи ноҳияи Данғара Бобоҷон Шомуродовро дастгир кардаанд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, боздоштшуда дар 5 ҳолати содир намудани ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста мешавад.

“Шомуродов дар ҳудуди ноҳия шабона ба тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр машғул гашта, аз аввалҳои моҳи июли соли сипаришуда то инҷониб вориди манзилҳои истиқоматии шаҳрвандон мегардад ва молҳои арзишнок, аз қабили телефонҳои мобилӣ, дучархаҳо, маблағҳои пулӣ, либосҳои мардонаро ба яғмо мебарад”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, бо ин кирдорҳои худ ӯ ба ҷабрдидагон ба маблағи 25 ҳазор сомонӣ зарари молиявӣ расонидааст.

Таъкид мешавад, ки Шомуродови боздоштшуда қаблан маҳз барои ҷинояти дуздӣ се маротиба маҳкум шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.