Дар аризаи худ ба Шуъбаи ВКД-и шаҳри Ваҳдат сокини 65-солаи маҳаллӣ изҳор намудааст, ки аз ҷониби набераи 16-солааш мавриди лату кӯб қарор гирифтааст.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД ҶТ бар асари ин ҳодисаи рӯзи 24 июл ӯ ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Дар хабари дигари Вазорати гуфта мешавад, сокини 29-солаи ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба гумони даст доштан дар расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ, ки ба марг оварда расонидааст, боздошт шудааст.

Ин мард рӯзи 3 август зимни мунқишаи оилавӣ ҳамсари 29-солаи худро лату кӯб кардааст, ки дар натиҷа зан аз ҷароҳатҳои вазнини бардошта дар ҷойи ҳодиса  ба ҳалокат расидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи ин ҳодисаҳо тафтишот идома дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.