Сокини ноҳияи Балҷувон Шаҳбоз Абдураҳмоновро додгоҳи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ барои як силсила қаллобиҳо ба 10 соли зиндони низомаш шадид маҳкум шуд.

Тавре маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҶТ хабар медиҳад, Абдураҳмонов танҳо дар моҳи феврали соли ҷорӣ худро корманди Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон Умед Саидов муаррифӣ намуда, ба боварии 17 сокини ноҳияи Ҳамадонӣ даромадааст.

“Бо ваъдаи мусоидат ба ҷудо шудани қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз онҳо дар маҳмӯъ 72 ҳазору 800 сомонӣ гирифтааст”, - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, вақте одамон мефаҳманд, ки қаллоб онҳоро фиреб кардааст, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.