Суди вилояти Маскав шаҳрванди Тоҷикистон Ҷасурҷон Усмонови 27-соларо барои даст доштан дар  қатли Виктория Борковская, омӯзгори Донишгоҳи иқтисодии Русия ба номи Г.В.Плеханов ва модарӣ ӯ ба 24 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора Вести.ру хабар медиҳад.

Моҳи ноябри соли 2020 Усмонов дар хонаи хусусӣ дар деҳаи Поярковои ноҳияи Солнечногорски вилояти Маскав ба таъмир хона машғул буд, лекин фармоишгарон аз сифати корҳо норизо буданд.

Ба гуфтаи ӯ, Борковская 20 ҳазор пули боқимондаи корро надодааст, аз ин рӯ, вай хашмгин шуда, корд ба даст мегирад.

Усмонов ду занро кушта, сипас кӯшиш мекунад, ки духтари 6-солаи омӯзгорро низ ба қатл расонад.

Ба духтарчаи захми вазнин бардошта муяссар мешавад, ки аз телефони модараш ба дӯсти оила занг зада, дар бораи ин ҳодиса хабар диҳад. Дӯсти модараш дарҳол ба пулис ва ёрии таъҷилии тиббӣ занг зада, вале то расидани онҳо, 2 зани калонсол ба ҳалокат мерасанд.

Усмонов хеле зуд боздошт шуд. Пас аз куштор дар хона бесарусомонӣ ҳукмфармо буд. Ба ақидаи муфаттишон, ба гумони ғолиб, Усмонов дар хона чизҳи арзишманд кофта, сипас пинҳон мешавад. Танҳо пас аз боздошт ба гуноҳаш иқрор шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.