Наздикони як ҷавон аз шаҳри Бохтар шикоят мекунанд, ки ягона ноновари хонаро ҳангоми ҷустуҷӯи кор нафарони ношинос тариқи иҳотгарӣ (облава) дастгир намуда, ба хизмати ҳарбӣ бурданд. Мақомот мегӯянд, муроҷиатҳо дар мавриди тариқи “облава” ба хизмат ҷалб намудан буд, вале онҳо ҳалли худро ёфтанд.

Шаҳноза Гадоева, хоҳари Шаҳбоз Гадоев як ҷавон аз шаҳри Бохтар мегӯяд, рӯзи 7 октябр додарашро, ки барои ҷустуҷӯйи кор ба шаҳри Душанбе рафта буд, “ба таври иҳотагирӣ (облава) дастгир намуда, ба комиссариати ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бурдаанд”.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мавсуф, додараш яккаписар ва яктими кул буда, тибқи моддаи 30-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" ӯ аз хизмати ҳарбӣ озод мебошҳад.

- Ҳарчанд, ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи яккаписарӣ, ятими кулл - бо хати вафоти падару модарамро бурдам, вале кормандони коммисариати ҳарбӣ ба ҳарфамон гӯш надоданд,- шикоят намуд Гудоева.
Маълумотномае, ки яккаписар будани Гадоевро тасдиқ мекунад

Зимни шикоят аз амалкарди кормадони коммисариати ҳарбӣ аз Прокуратураи ҳарбии вилояти Хатлон ба Шаҳноза гуфтанд, “агар аз ҷониби комисариати ноҳияи Шоҳмансур ғайриқонунӣ дастгир шуда бошад, ба тобеияти мо нест”.

Ба иттилои номбурда, ҳоло додараш дар қисми низомии 07017-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён хизмат дорад.

Ҳоло Шаҳноза Гадева ба унвонии вазири мудофиаи Тоҷикистон Шералӣ Мирзо шикоят бурдааст ва интизори посух аст.

Ӯ аз ҷумла шикоят кардааст, ки Шаҳбоз, ки дар оилаи онҳо ҳамчун писари ягона (яккаписар) мебошад ва пас аз даргузашти падару модараш онҳоро бародараш нигоҳубин мекунад.

Вазорати дифоъ: Шикоятҳо буд...

Масъалаи ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ дар Тоҷикистон яке аз мавзуъҳои доғ аст ва ҳамасола дар давраи даъват ба хидмат мавридҳои зиёди ҷалби иҷборӣ ҳам ба назар мерасад, ки дар миёни мардум бо номи "облава" маъруф шудаанд.

Фариддун Маҳмадализода
Радио Озодӣ

Сухангӯи Вазорати дифои кишвар, Фариддун Маҳмадализода зимни суҳбат бо “Азия - Плюс” гуфт, имсол дар мавриди ҷалби иҷбории ҷавонон ба сафи артиш муроҷиатҳо буд, вале маълум гардид, ки ҳамаи онҳо ба нофаҳмиҳо ба тарҳи қонун дар бораи хизмати ҳарбӣ, ки моҳи январ ворид шуд, рабт дорад.

- Аз сабаби он ки тарҳи нави қонун аз моҳи январи соли равон ба тасвиб расид, вобаста ба ҳамин нафароне, ки аз тарҳи қонун бехабар ҳастанд ё маълумот надоранд, дар баъзе ҳолатҳо шикоят мекунанд. Масалан, муроҷиатҳо ба он маъно аст, ки фарзанди ман дар зинаи магистр таҳсил мекунад, вале ӯро ба хизмат ҷалб карданд, -гуфт Маҳмадализода.

Дар Тоҷикистон соли 2020 ба қонун "Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ" тағйирот ворид шуд, ки ба ҷуз донишҷӯёни зиннаи таҳсили бакалавр, муҳассилини давраи магистратураро низ ба хидмат мебаранд. То ин вақт ин категорияи муҳассилин аз хидмат озод буданд.

“Ҳангоми “облава” ба ВКД муроҷиат кунанд”

Мавсуф дар бораи натиҷаи аризаи Шаҳноза Гадоева изҳорӣ бехабарӣ намуд, вале таъкид кард, ки вақте мегӯянд, “облава” карданд, бояд ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кард.

- Яъне агар шахсро зӯран боздошт карданд, кӣ медонад, ӯро бо кадом сабаб дастгир карданд. Ба мақомоти корҳои дохилӣ муроҷиат кунанд, онҳо тафтиш мекунанд, - гуфт  Муҳаммадалиев.

Ӯ дар идома гуфт, воқеан, яккаписар аз хизмати ҳарбӣ озод аст, вале ӯ бояд ба комисияи давъватӣ ҳозир шуда, вобаста ба яккаписар будани худ ҳуҷҷатҳои лоизимиро пешниҳод намояд ва танҳо дар ин сурат ӯ ҳуқуқи озод будан аз артишро соҳиб мешуд.

Асноде, ки комиллан ятим ва саробони хонавода будани Гадоеро тасдиқ мекунанд.

Рӯзи 20 январ палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон таҳрири нави қонун “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хидмати ҳарбӣ” мувофиқат кард.

Тибқи тағйиру иловаҳо, минбаъд шаҳрвандони синну соли даъватӣ метавонанд, бо супоридани маблағи муайян ва адо кардани хидмати якмоҳаи ҳарбӣ ба сафи эҳтиётии Қувваҳои Мусаллаҳ шомил гарданд.

Баъди баҳсу баррасии зиёд, моҳи август ҳукумати кишвар арзиши маблағи пардохт барои хидмати алтернативӣ (ҷойгузин) дар артиши кишварро муқаррар намуд: 25,2 ҳазор сомонӣ (2,2 ҳазор доллар).

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хизмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.