Кормандони милитсияи шаҳри Душанбе сокини пойтахт Миралӣ Ҳусайнови 52-соларо барои барои ба таври ҳамешагӣ мавриди озор қарор додани ҳамсараш дастир намуданд.

Тавре ки дафтари матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, номбурда ба нӯшидани машруботи спиртӣ майл дошта, ба таври ҳамешагӣ ҳамсари худро мавриди озору дашному ҳақорат қарор медодааст.

Гуфта мешавад, Миралӣ Ҳусайнов бар асоси муроҷиати ҳамсараш боздошт шуда, қаблан низ 17-уми декабри соли 2021барои чунин амали номатлуб дастгир ва ба муҳлати 7-шабонарӯз ҳабси маъмурӣ таъин карда шуда буд.

“Номбурда баъд аз таъини ҷозаи маъмурӣ амалу рафтори ношоями худро тағйир надода, боз такроран ҳамсари худро мавриди озору дашномҳои қабеҳ қарор дода, дар назди дигар шаҳрвандон шаъну шарафи ӯро паст задаст”, - омадааст дар хабари Раёсат.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбати номбурда тибқи талаботи моддаи 460 (майдаавбошӣ) Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии ҶТ протокол тартиб дода шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 12-шабонарӯз таъин карда шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.