Дар ҷараёни рейди санҷишӣ дар кӯчаҳои Душанбе кормандони милитсия барои ташкили қиморбозӣ сокини пойтахт Орзу Шарипови 22-соларо боздошт намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ӯ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев, назди бозори “Ганҷина” ба ин амали мардумфиребона машғул будааст.

Гуфта мешавад, нисбати боздоштшуда санади маъмурӣ тартиб дода шуда, суд ӯро 15 шабонарӯз ҳабси маъмурӣ ҷазо додааст.

Раёсати ВКД хотиррасон менамояд, ки ташкили қиморбозӣ ё ба истилоҳи мардумӣ «алик-малик», ки баъзан дар кӯчаҳои пойтахт, асосан дар назди бозорҳо ва маконҳои ҷамъшавии одамон ба чашм мерасад, як падидаи номатлуб ва ғайриқонунӣ мебошад.

“Чунин афрод бо роҳи фиреб таваҷҷуҳи мардумро ҷалб намуда, пулҳои онҳоро аз худ мекунанд, - зикр мешавад дар хабар. - Нисбати чунин кирдори ғайриқонунӣ ва нафарони ба он машғулшаванда кормандони мақомоти милитсия тамоми чораҳои заруриро роҳандозӣ менамоянд”.

Зимнан Раёсат аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки дар сурати шоҳиди чунин ҳодиса гардидан, тавассути телефон навор ва ё акс гирифта, ҷиҳати баррасӣ ба милитсияи пойтахт ирсол намоянд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.