Додгоҳи ҳарбии ҳавзаи ҷанубӣ (ҳокимияти судиро дар қаламрави 15 субъекти Русия амалӣ мекунад) зодаи Тоҷикистон Файзалӣ Ҳалимхоновро ба 9 соли зиндон маҳкум кард. Дар ин бора рӯзи сешанбе, 29 июн ба “Лента.ру” аз хадамоти матбуоти додгоҳ хабар додаанд.

Ӯ мутобиқи моддаи 205.1 Кодекси ҷиноятии Русия (Мусоидат ба фаъолияти террористӣ) гунаҳкор дониста шудааст.

Тибқи маълумоти парвандаи ҷиноятӣ, тоҷикистонӣ барои маблағгузорӣ ба созмони террористии фаъолияташ дар Русия манъшудаи “Давлати исломӣ” (ДОИШ) аз озодӣ маҳрум шуд.

Додгоҳ муайян кардааст, ки Ҳалимхонов зимни дар Волгоград қарор доштанаш ба корти бонкие, ки реквизитҳояшро ба ӯ иштирокчии ДОИШ додааст, се ҳазор рубл маблағ гузаронидааст.

Аз дигар ҷузъиёти парванда хабар дода намешавад.

Гуфта мешавад, 29 июн ҳамин додгоҳ як зодаи дигари Тоҷикистон Хисрави Саидзодаро ба даст доштан дар терроизм ва омода кардани амали террористӣ дар қаламрави кишвари Ставропол гунаҳкор дониста, ба 15,6 соли зиндон маҳкум кардааст.

Дар ҷараёни тафтишот муайян шудааст, ки моҳи марти соли 2021 ӯ ба сафи созмони “Давлати исломӣ” пайваста, моҳи апрел ба чанде аз шахсон ҷиҳати омодагӣ ба содир намудани амали террористӣ дар қаламрави кишвари Ставропол кумак кардааст.

Тибқи фарзияи тафтишот, Саидзода аз ҷумла барои тайёр кардани дастгоҳи таркандаи худсохт қисму ҷузъҳои зарурӣ харида, чунин дастгоҳро месозад ва дар хонаи иҷорааш нигаҳдорӣ мекардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.