Сокини шаҳри Ҳисор ба азхудкунии 3 автомашина бо роҳи фиреб гумонбар дониста мешавад, хабар медиҳад маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, сокини 38-солаи пойтахт, ки аз ӯ ном бурда намешавад, ба шуъбаи милитсияи ноҳияи Сино муроҷиат намуда, изҳор мекунад, ки як марди 47-сола аз шаҳри Ҳисор 2 автомашинаи тамғаи Mercedes-Benz ва 1 автомашинаи Toyota Camry-2-и ӯро гирифтааст.

Ба иттилои манбаъ, нархи ин 3 автомашина 300 ҳазор доллар арзёбӣ шудааст.

“Аз ин маблағ гумонбаршуда ҳамагӣ 20 ҳазор сомонӣ пардохт кардааст”, - зикр мешавад дар маълумоти ВКД.

Зимнан зикр мегардад, ки тафтиши ҳолатҳои ин қазия идома дорад.

Тибқи маълумоти оморӣ, нисбат ба 3 моҳи соли гузашта дар ҳамин давраи соли ҷорӣ далелҳои қаллобӣ ба андозаи 24,6% кам шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.