Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков барқияи табрикӣ ирсол намуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари  давлат, дар барқияи Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла қайд мешавад, ки «мардуми Қирғизистон бо ибрози иродаи худ эътимоди баландашро ба фаъолияти давлатии Шумо ироа намуд».

«Тоҷикистон ва Қирғизистонро риштаҳои дӯстӣ ва робитаҳои неки ҳамҷаворӣ, ки таърихи чандинасра доранд, ба ҳам мепайвандад, - омадааст дар барқия. - Мо Шуморо ба ҳайси ҷонибдори собитқадами таҳкиму густариши минбаъдаи муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Қирғизистон мешиносем».

Сарвари давлати Тоҷикистон бо ибрози манфиатдории кишвраш ба тавсеаву таъмиқи тамоми маҷмӯи ҳамдастии Тоҷикистону Қирғизистон итминон изҳор намудааст, ки кишварҳо метавонанд бо саъйю талошҳои муштарак ҳамкориҳоро ба хотири ривоқу равнақи мардумони ҳарду давлат ба сатҳи сифатан нав бароранд.

Дар фарҷом Эмомалӣ Раҳмон ба Сооронбой Жээнбеков сиҳатии комил ва дастовардҳои навин ва ба Қирғизистони дӯст сулҳу субот ва пешрафт орзу кардааст.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.