Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия дар як нишасти хабарии муштарак бо Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон изҳор намуд, ки кишвараш ҳимояти Тоҷикистонро аз мавқеи Русия дар моҷарои сӯиқасд ба ҷони як ҷосуси пешини рус дар Бритониё қадрдонӣ мекунад.

Бино ба иттилои сомонаи Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, ӯ гуфтааст, Русия аз ҳамраъйии Тоҷикистон, ки баробар бо дигар аъзои Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ дар робита ба ҳодисаи Солсберӣ нишон дод, қадрдонӣ мекунад.

«Мо рӯзи 4-уми апрел дар нишасти вижаи Шӯрои иҷроияи Созмони Манъи Истифодаи Аслиҳаи Кимиёвӣ изҳороти муштараки аъзои паймонро нашр кардем, ки дар он қотеона талаб шудааст, ҳангоми таҳқиқи шаффофу бетарафонаву беғаразонаи қазия ба муқаррароти Конвенсияи манъи истифодаи аслиҳаи кимиёвӣ такя кунад”, - иброз доштааст Сергей Лавров.

Ба қавли Сергей Лавров, Русия аз кишварҳои шарикаш барои ҳамоҳангсозии мавқеъ дар Созмони Милал, аз ҷумла дар масъалаи баррасии пешниҳодҳои шубҳабарангез ва зиддирусӣ изҳори сипос мекунад.

Сергей Лавров дар идомаи сӯҳбат дар нишасти хабарии Маскав қайд кардааст, ки Русия дар ҷавоб ба ҳимояти Тоҷикистон ташаббусҳои ин кишвар дар арсаи байналмилалӣ ва аз ҷумла Созмони Милалро дастгирӣ мекунад.

Вай илова намудааст, ки бо Сироҷиддин Аслов, масъалаи баргузории Конфронси байналмилалии об ва конфронси байналмилалии “Муқобила бо терроризм ва тундгароӣ”-ро баррасӣ кардааст, ки қарор аст, моҳҳои май ва июн дар Душанбе баргузор шаванд.