Пагоҳ, 1 июн дар Душанбе таҳти раёсати сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) доир мегардад.

Бино ба маълумоти Кумитаи иҷроияи ИДМ, дар ҷаласа баррасии лоиҳаи 14 санадҳо доир ба густариш ва тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисодӣ, гуманитарӣ ва дигар самтҳо дар чаҳорчӯби ИДМ ба нақша гирифта шудааст.

Маъмулан ҷаласа дар ду шакл сурат мегирад. Дар мулоқоти хосса роҳбарони ҳайатҳо атрофи масоили муҳими ҳамкории иқтисодӣ табодули назар намуда, ҷараёни гуфтушунид оид ба Созишнома дар бораи савдои озоди хизматрасониҳоро баррасӣ мекунанд.

Дар ҷаласаи ҳайати васеъ имзои санадҳое чун Консепсияи ҳамкории давлатҳои иштирокдори ИДМ дар соҳаи рушди инноватсионии энергетика ва таҳияи технологияҳои пешқадами энергетикӣ ва Нақшаи тадбирҳои авлавиятнок оид ба татбиқи он, Созишнома оид ба ташаккул ва рушди бозори моликияти зеҳнии кишварҳои узви ИДМ дар назар аст.

Ғайр аз ин, иштирокчиёни ҷаласа санадҳои марбут ба Созишнома оид ба ҳамкории кишварҳои узвии ИДМ дар самти идораи партовҳои электронӣ ва таҷҳизоти электротехникиро баррасӣ карда, Маҷмӯи амалҳои муштараки кишварҳои ИДМ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо ҳорӣ дар давраи то соли 2025-ро қабул мекунанд.

Дар соҳаи гуманитарӣ баррасии лоиҳаҳои қарорҳо оид ба Низомнома дар бораи Конгресси омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи давлатҳои иштирокдори ИДМ ва дар бораи Лоиҳаи байналмилалии ҷавонони давлатҳои иштирокдори ИДМ «100 ғоя барои ИДМ» низ муҳим ба шумор мераванд.

Ҳамчунин дар ҷаласаи сарони ҳукуматҳои ИДМ як қатор қарорҳои вобаста ба соҳаи молия ва кадрҳо низ қабул мешаванд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.