Дар ҳузури  кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қазоқистон дар Тоҷикистон Нурлан Сейтимов 1  октябри соли равон ба собиқадори хизмати дипломатии Тоҷикистон Талбак Назаров ҷоизаи олии дипломатии Ҷумҳурии Қазоқистон – медали ба номи Назир Турақуловро супорид.

Тавре сомонаи Tajikistantimes.tj хабар медиҳад, Талбак Назаров, ки 12 сол Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд, барои таҳкими муносибатҳои Қазоқистону Тоҷикистон саҳми назаррас гузоштааст. Дар Қазоқистон кӯшишу мусоидати ӯро барои ба сатҳи боз ҳам баландтар баровардани ҳамкориҳои  идораҳои сиёсати хориҷии Қазоқистон ва Тоҷикистон баланд арзёбӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар суханронии худ Талбак Назаровро бо мукофоти Ҷумҳурии Қазоқистон табрик намуда, қайд кард, муносибатҳои байнидавлатии Қазоқистону Тоҷикистон ба рӯҳияи баланди шарикии стратегӣ ҷавобгӯ аст.

Талбак Назаров, Сироҷиддин Муҳриддин, Нурлан Сейтимов
Сафорати Қазоқистон дар ҶТ

Сафир ба дипломати собиқадори тоҷик умри бардавому саломатӣ орзу намуда, ҳоҳони он шуд, ки насли ҷавони дипломатҳои Тоҷикистон аз таҷрибаи ғании дипломатии ӯ бархурдор гарданд. Сафир ҳамчунин аҳли кормандони Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистонро бо иди касбӣ – Рӯзи дипломатҳо муборакбод кард.

Дар навбати худ Талбак Назаров аз роҳбарияти Қазоқистон барои арзёбии баланди хидматҳои худ дар соҳаи дипломатӣ сипосгузорӣ карда, таҳкими дӯстӣ ва ҳамкориҳои минбаъдаи Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно намуд.