Роҳбари Шӯрои давлатии Чин Ли Кэтсян, сарвазирони Россия Дмитрий Медведев ва Ӯзбекистон Абдулло Орипов охири ҳафтаи оянда ҷиҳати иштирок дар нишасти СҲШ ба Душанбе меоянд.

Ҳамчунин сарвазирони Қирғизистон, Қазоқистон, Ҳиндустон ва Покистон низ ба пойтахти Тоҷикистон ташриф меоранд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати Тоҷикистон.

Роҳбари Шӯрои давлатии Чин ҳамзамон ба Тоҷикиситон сафари расмӣ анҷом дода, бо Президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон дидору гуфтушунид мекунад.

Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе баргузор шуда, дар он ба масоили рушди ҳамкорӣ дар соҳаи савдо ва соддатар гардонидани расмиёти гумрук таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз сохтори иқтисодии ҳукумати кишвар.

Сарвазирони кишварҳои узви СХҲ ҳамчунин роҳу воситаҳои имконпазири ҳавасмандсозии ҳамкорӣ дар бахшҳои соҳибкории хурду миёна, роҳандозиии ҳамкории густарда байни минтақаҳои кишварҳои узви Созмонро низ баррасӣ мекунанд.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.